Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди HRW аз Узбакистон


Human Rights Watch гуфт, Узбакистон бо вуҷуди бархе ислоҳоти солҳои охир натавонист ҳуқуқи аслии мардумро таъмин кунад. Ин созмони дидбони ҳуқуқи башар афзуд, ки давлатҳои Ғарб дар роҳи ҷустуҷӯи равобити наздиктар бо ин давлати худкомаи Осиёи Марказӣ ба далоили стротегӣ бадрафториҳо дар Узбакистонро нодида мегиранд. HRW дар гузориши ҷадиде, ки имрӯз нашр шуд, мегӯяд, шиканҷа дар Узбакистон як падидаи фарогир боқӣ монда, ҳомиёни ҳуқуқро ба зиндон меандозанд ва даҳони вакилони мудофеъро мебанданд. Аммо бо вуҷуди ин поймолу таъқибот, меафзояд гузориш, Амрико, ИА ва бархе кишварҳои пешгоми Аврупо дар солҳои охир ба далели аҳамияти стротегии Узбакистон дар амри таъсини нирӯҳои НАТО дар Афғонистони ҳамсоя мавқеъи худ дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар қиболи Тошкандро шадидан заиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG