Дар конфронси тағйири иқлим дар шаҳри Дурбани Африқои Ҷанубӣ роҷеъ ба мувофиқатномаи коҳиши газҳои гулхонаӣ тавофуқ ҳосил шуд. Ин конфронсро Созмони Милал баргузор мекунад.
Бори нахуст тибқи ин мувофиқатнома кишварҳои бузурги саноатӣ, аз қабили Амрикову Чин муваззаф шудаанд, ки газҳои гулхонаии худро коҳиш диҳанд.
Аз ин мувофиқатнома кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо истиқбол карда ва онро “гардиши таърихӣ” арзёбӣ нмауданд. Коннӣ Ҳедегард, кумиссари Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба иқлим, гуфт, мувофиқатномаи нав ҳамаи кишварҳоро муваззаф месозад, ки меъёрҳои ихроҷи газҳои гулхонаиро риоят кунанд.
Ин тавофуқ дар ҷараёни конфронсе ба даст омад, ки аз ду ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Дар ин муддат миёни кишварҳои ширкаткунанда, ба вижа кишварҳои аслии саноатии ҷаҳон -- Чину Амрико, Ҳиндустон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо борҳо ихтилофи назар ба вуҷуд омад ва барои расидан ба тавофуқ ҷонибҳо талоши зиёд ба харҷ доданд.
Хонум Ҷеянтӣ Натараян, вазири ҳифзи муҳити зисти Ҳиндустон, ки дар ҷараёни конфронс зери фишор гирифта шуда буд ва аз конфронс интиқод мекард, саранҷом дар охир аз натиҷаҳои ба дастомада розӣ ба назар мерасид ва ин натиҷаҳоро дастовард арзёбӣ кард. Вай гуфт, “ин комёбии хеле хуб буд ва мо хушҳолем, ки бо вуҷуди андешаҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ин комёбии муҳим ба даст омад. Мо ва дигарон нармиш нишон додем. Барои ҳамин мо аз ин комёбӣ хушҳолем.”
Вале мунаққидон мегӯянд, мувофиқатномаи ба даст омада ҳанӯз ҳам барои поин овардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ҷанбаҳои заъф дорад. Масалан, нозирони муҳитзистӣ мегӯянд, бо ин мувофиқатнома наметавон ҷаҳонро аз таҳдидҳои ношӣ аз боло рафтани гармои сайёра нигаҳ дошт.
Пешбинӣ мешавад, ки ҳарорати сайёра 3,5 дараҷа боло меравад. Дар чунин ҳолат биёбоншавӣ бештар доман паҳн мекунад. Ҷорӣ шудани селобҳо, вазиши тӯфонҳо бештар мешавад ва сатҳи об дар баҳрҳо боло меравад.