Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав тазоҳуроти мухолифони давлат оғоз шудааст


Беш аз 15 ҳазор нафар дар Маскав барои тазоҳуроти эътироӣ дар майдони Болотная гирдиҳам омадаанд. Онҳо бар зидди натиҷаҳои ҷаълшудаи инитихоботи порламонӣ, ки дар он пирӯзии ҳизби ҳокими “Единая Россия” ё “Русияи Воҳид”-и нахуствазир Владимир Путин эълон шудааст, эътироз мекунанд. Нируҳои зиёди пулис бар ҷараёни ин тазоҳурот назорат мебаранд. Ин тазоҳуротро раҳбарони мухолифони давлати Русия, аз ҷумла Борис Немтсов-муовини пешини нахуствазир созмон додаанд.
Дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои мухталифи Русия низ тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад. Тазоҳуркунандагон мегӯянд, мақомот дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ ба тақаллуб роҳ додаанд. Ин тазоҳурот аз Сибир оғоз шуд ва акнун шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Маскавро низ фаро гирифтааст. Дар минтақаҳои мухталифи Русия соат фарқ дорад. Дар Владивосток аз 500 то 1000 нафар ба хиёбонҳо баромадаанд, дар ҳоле ки дар шаҳри Хабаровск ҳудуди 100 нафарро пулис боздошт кардааст. Дар шаҳри Маскав мақомот иҷоза додаанд, ки то 30 000 нафар дар майдони Болотная тазоҳуроти эътирозии худро баргузор кунанд. Ҳамзамон мақомот эълон кардаанд, ки даҳҳо ҳазор нируҳои худро дар шаҳрҳои мухталиф мустақар кардаанд, ки 50 000 нафари онҳо дар Маскав хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG