Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳароси занони афғон аз бозгашти Толибон


Занон дар Афғонистон муддати тӯлонӣ мубориза бурдаанд, то зимни баррасии ояндаи ин кишвар, назари онҳоро низ ба инобат бигиранд.

Занони афғон мехоҳанд, дар муколамаҳои байналмилалӣ доир ба сарнавишти Афғонистони баъди соли 2014 ба садои онҳо низ гӯш диҳанд.

Бо онки Амрико ва шариконаш дар НАТО барои ихроҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, занони афғон ҳарос доранд, ки дар сурати мусолиҳа бо Толибон шояд аз ҳуқуқе, ки ба он даст ёфтаанд, маҳрум хоҳанд шуд. Таври маълум ҳамин Толибон буданд, ки тайи 5 соли ҳукумат, занони ситамдидаи афғонро аз ҳаққи кору таҳсил ва ҳатто тарки хона маҳрум карда буданд.

Шукрия Борикзай, вакили шинохтаи порлумони Афғонистон мегӯяд, занон дар ҷараёни сулҳ дар кишварашон саҳим бошанд ва ҷомеаи байналмилал тазмин диҳад, ки музокироти сулҳ дар Афғонистон ба қимати ҳуқуқи занон тамом намешавад: "Дар он вақт баъди суқути
Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай
Толибон дар соли 2001 онҳо ҳуқуқи занонро пазируфта аз он сухан мегуфтанд. Ҳоло вақти он аст, ки ба мо бигӯянд, ки чӣ гунаву таҳти кадом шароит, занони афғонро ҳимояти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳанд кард?"

Шукрия Борикзай, ки аз мусолиҳа бо Толибон ҳарос дорад, мегӯяд, ҷомеаи Афғонистон ба ин шарт бозгашти ин гурӯҳ ба саҳнаи сиёсиро хоҳад пазируфт, ки онҳо силоҳро ба замин бигузоранд, Қонуни Асосии Афғонистонро бипазиранд ва ба ҳайси як ҳизб ба ҷараёнҳои сиёсӣ ҳамроҳ шаванд. Ҳусния Борикзай аз он гила кард, ки дар конфронси байналмилалии Бонн, ки аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Бонни Олмон баргузор ва дар он сарнавишти Афғонистон баррасӣ шуд, теъдоди ками занонро даъват карданд.

Шукрия Борикзай мегӯяд, занони афғон бояд на танҳо дар баррасии оштиву мусолиҳа дар Афғонистон, балки дар тамоми дигар арсаҳо ҳузур дошта бошанд: “Барои мо муҳим аст, ки занон дар тамоми арсаҳо бисёр фаъол бошанд. Ва айни замон ба андешаи ман набояд, занонро ба ҳайси намоиш дар ҳамоишҳои маҳалливу байналмилалӣ истифода кунанд.”

Ӯ меафзояд, ба инобат гирифтани назари занон ҳатмист ва Афғонистон бе садои онҳо ба сулҳи пойдор ва шукуфоӣ даст нахоҳад ёфт: «Шумо ҳақ надоред, нисфи аҳолиро нодида бигиред. Агар онҳо имрӯз моро нодида бигиранд, фардо мӯҳтоҷи мо хоҳанд шуд, зеро дар ҳар интихобот, ҳама дари занонро мекӯбанд.”

Дар як даҳаи гузашта занон дар Афғонистон ба пешрафти зиёде ноил шуданд. Суқути Толибон дар соли 2001 ба рӯзҳои сиёҳи онҳо хотима дод, миллионҳо духтар ба мактабҳо бозгаштанд, занон дар муассисаҳои гуногун бахусус шаҳрҳо кор мекунанд. Даҳҳо зан дар парлумон ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ кор мекунанд.

Аммо ҳоло Созмони Милал мегӯяд, ин ҳама пешрафтҳои нисбӣ ба хатар
Занони афғон
Занони афғон
рӯ ба рӯ шудаанд. Дар гузориши ахири созмон гуфта шудааст, ҳанӯз ҳам ҳаққи равуои занони зиёде маҳдуд карда мешавад, ҳаққи онҳо ба кор камтар шудааст ва хушунат алайҳи занон низ авҷ гирифтааст. Дар ин гузориш омадааст, ҳукумати Афғонистон натавонистааст, қонуни ду соли пешро амалӣ кунад, ки ҳимояти занон аз хушунат, аз ҷумла таҷовуз, издивоҷҳои маҷбурӣ ва истифодаи онҳо дар баҳсҳои хонаводагиро пешбинӣ кардааст.

Гузориши мазкур ҳам дар замоне нашр шуд, ки сарнавишти як духтари 19-солаи афғон, дар сархати ахбори байналмилалӣ қарор гирифт. Гулнозро соли 2009 бо гуноҳи зинокорӣ ба зиндон андохтанд, агарчӣ ӯро як писархолаи шавҳараш дар хона танҳо ёфта таҷовузи ҷинсӣ карда буд. Ӯ аз тарси шармсорӣ аввал хомӯш нишаст, вале чун фаҳмид, ки обистан шудааст, ба пулис шикоят бурд. Маъмурони пулис таҷовузгар ва ҳам Гулнозро бо иттиҳоми зинокорӣ боздошт карданд. Ӯро ба 12 сол маҳкум ба зиндон карданд ва фарзанди ҳоло 9-моҳаи ӯ дар зиндон ба дунё омад. Аммо ҳафтаи гузашта Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ӯро афв кард ва ахиран Гулноз гуфтааст, бо хостаи дигарон ҳоло ӯ бояд бо марди таҷовузгар издивоҷ кунад, агарчӣ аз дидани ӯ нафраташ меояд.
XS
SM
MD
LG