Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тавонистаанд ин ҳавопаймои навъи RQ-170 –ро бо «камтарин хисорот» дар шарқи Эрон ба замин бинишонанд
Рӯзи якшанбе расонаҳои Эрон ба нақл аз як мақоми огоҳи низомии Эрон эълон карда буданд, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ тавассути нерӯҳои мусаллаҳи эронӣ дар шарқи ин кишвар сарнагун шуд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар гуфтугӯ бо расонаҳои давлатии Эрон гуфт: «Ахиран бо маълумоти ҷамъоваришуда ва таҳқиқотҳои дақиқи электоронӣ мушаххас шуд, ки ин ҳавопаймо қасди нуфуз ва ҷосусӣ бар фарози кишварро дорад. Пас аз ворид шудани ин ҳавопаймо ба фазои Эрон, ин ҳавопаймо дар камингоҳи электронии нерӯҳои мусаллаҳ қарор гирифт ва бо камтарин хисорот дар Эрон ба замин нишонда шуд.»
Вай дар идома гуфтааст: «Коршиносон ва мутахассисони низомӣ ба хуби медонанд, ки ин ҳавопаймо чӣ маълумоти технологии гаронқиматро бо худ дорад.»
Тибқи ин гузориш, дарозии ду боли ин ҳавопаймо ҳудуди 26 метр, дарозии баданаи он чаҳоруним метр ва баландии он як метру 84 сантиметр аст ва дорои системаҳои пешрафтаи ҷамъоварии маълумоти электронӣ, тасвирӣ, мухобиротӣ ва сомонаҳои родории гуногун аст.
Дар ҳамин замина вазорати умури хориҷии Эрон рузи панҷшанбе бо эҳзори сафири Суис, эътирози худро баён намуда, ва хостори тавзеҳоти фаврӣ ва иқдомоти ҷубронии давлати Амрико дар ин замина шудааст.
Аммо расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, сарнагунии ин ҳавопаймоӣ ҷосусӣ бинобар мушкилоти фаннӣ ва техникӣ сар задааст.
Як мақоми амрикоӣ рӯзи якшанбе ба хабаргузории Ройтерз гуфта буд: «То ин лаҳзаҳо ҳеҷ нишонае аз ин, ки эрониҳо ин ҳавопайморо сарнагун карда бошанд, вуҷуд надорад»
Расонаҳои амрикоӣ ба ин бовар ҳастанд, ки сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ нишонгари он аст, ки Вошингтон амалиётҳои ҷосусӣ ва ҳамчунин фишорҳо бар Эронро афзоиш додааст.
НАТО, ки раҳбари нерӯҳои эътилоф ро бар ӯҳда дорад, пештар дар вокуниш ба изҳороти мақомоти Эрон дар хусуси сарнагунии ин ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ эълом карда буд, ки ҳавопаймои мавриди ишораи Эрон дар як маъмурият бар фарози Афғонистон парвоз мекард.