Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз натоиҷи расмии интихоботи Дума эълон мешавад


Владимир Чуров раисиҷумҳур Дмитрий Медведевро бо натоиҷи интихобот ошно мекунад
Владимир Чуров раисиҷумҳур Дмитрий Медведевро бо натоиҷи интихобот ошно мекунад
Имрӯз Комиссиюни марказии интихоботи Русия натоиҷи расмии интихобот ба Думаи давлатиро эълон мекунад. Нишасти КМИ соати 8-и шом ба вақти Маскав шурӯъ хоҳад шуд.

Аз ин пеш раиси Комиссиюни марказии интихобот Владимир Чуров гуфта буд, ки баъд аз тафтиши 99,9 дар сади баргаҳои раъй ҳизби "Русияи воҳид" 49,3 сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Аз ҳизби коммунисти Русия 19,2 дар сад, аз "Русияи боадолат" беш аз 13 дар сад ва аз либерал-демократҳо каме бештар аз 11 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Дигар ҳизбҳое, ки дар интихобот ширкат доштанд, аз мандатҳои Думаи давлатӣ бархурдор нахоҳанд шуд.

Натоиҷи расмии интихоботи Думаи давлатӣ дар ҳоле эълон мешавад, ки намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллубу қонуншиканиҳо дар ин маъракаи сиёсӣ идома дорад. Қарор аст фардо, 10 декабр, даҳҳо ҳазор нафар дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар майдони Болотнаяи Маскав ширкат кунанд.
Бештари онҳо дар бораи ширкати худ дар интихобот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG