Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои нави Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон


Бонки Рушди Осиё барномаи ҳамкорияш бо Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014-ро ба тасвиб расонд. Бино бар он бонк, қарор аст, дар ин муддат ба Тоҷикистон зиёда аз 215 миллион доллар қарз ва имдод тахсис диҳад. Аммо намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳаҷми ниҳоии сармоягузориҳои бонк ба иҷрои барномаҳо ва вазъи молии бонк бастагӣ хоҳад дошт. Талошҳои Бонки Рушди Осиё дар соли оянда ба тармиму бозсозии шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент-марзи Узбакистон, рушди манобеи алтернатвии нерӯи барқ, ёрӣ ба ҷамоаҳои маҳаллӣ ва коҳиши фақр равона хоҳад шуд. Аз соли 1998 то ҳоло Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон 850 миллион доллар қарзи боимтиёз, кумак ва грантҳо додааст.
XS
SM
MD
LG