Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои иловагии Туркия алайҳи ҳукумати Сурия


Намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия идома доранд
Намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия идома доранд
Туркия эълом дошт, ки дар посух ба идомаи саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар Сурия алайҳи Димишқ таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ мекунад.

Вазири тиҷорати Туркия Ҳаётӣ Язиҷӣ гуфт, аз ҳама тавлидоте, ки аз Сурия ворид мешавад, 30 дар сад боҷи гумрукӣ ситонда хоҳад шуд. Ҳамчунин Анқара роҳҳои алтернативии вуруди молу мавод аз кишварҳои арабӣ бидуни убур аз қаламрави Сурияро ҷустуҷӯ дорад.

Ба иттилоъи СММ, бар асари саркӯбсозии эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад, ки тайи тақрибан нӯҳ моҳ боз идома доранд, беш аз чаҳор ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG