Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии нави Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ


Муҳаммадюсуф Исмоилов
Муҳаммадюсуф Исмоилов
Додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Муҳаммадюсуф Исмоиловр aз пардохти 35 000 сомонӣ ҷарима ҳам озод кард. Исмоилов ҳанӯз дар моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми таҳқиру тамаъҷӯӣ ва маҳаллгароӣ боздошт шуда, 11 моҳро дар зиндон ба сар бурд. Додгоҳи Табошар дар моҳи октябр ӯро 35 000 сомонӣ ҷарима баста, раҳо кард. Қазияи ӯ интиқоди тунди созмонҳои хабарнигории маҳалливу хориҷиро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG