Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии шаҳрванди қирғиз аз боздошт дар Узбакистон


Марзбонони узбак як шаҳрванди Қирғизистонро баъди ду рӯзи боздошт раҳо кардаанд. Пайвандони Мансурбек Бекешов аз рустои бо Узбакистон ҳаммарзи Сакалдии вилояти Ҷалолобод мегӯянд, ки ӯро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз 500 000 сӯми узбакӣ, муодили 280 доллар, ҷарима бастаанд. Бекешов ҳанӯз рӯзи 4 декабр дастгир шуда буд. Дар моҳи май марзбонони узбак як сокини рустои Сакалдиро бо зарби тир ба ҳалокат расонданд. Ин қазия то ҳол таҳқиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG