Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай сафараш ба Аврупоро қатъ кард


Ҳомиди Карзай дар анҷумани Бонн
Ҳомиди Карзай дар анҷумани Бонн
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пайи ҳамлаи хунини дирӯза алайҳи як мазори шиъаҳо сафараш ба Аврупоро қатъ карда, ба Кобул баргашт. Бар асари ин ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул, дар нахустин таҷаммӯъи густардаи аҳли шиъа дар маросими Ошӯро дастикам 55 нафар кушта ва беш аз 160 тан захмӣ шуданд. Як таркиши дигар дар Мазори шариф дастикам 4 кушта ба ҷо гузошт. Масъулияти ҳамлаи Кобулро Лашкари ҷангӣ, як гурӯҳи мустақар дар Покистон, бар ӯҳда гирифтааст. Ин ҳамлаи хунинро ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва Амрико, маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG