Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири бархӯрд ба як ҳизби мухолиф дар Арманистон


Яке аз пешвоёни мухолифони давлати Арманистон мегӯяд, баъди интиқоди сахти раиси ҷумҳур аз онҳо муносибат ба ҳизби мухолифи Мерос бад шудааст. Арман Мартиросиён, раиси Ҳизби Мерос, ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ахиран Серж Саркиссиён, пешниҳодҳои ҳизбаш барои баргузории интихобҳои шаффофу одилона дар Арманистонро, монеагузорӣ дар роҳи ислоҳоти низоми интихоботӣ хонд. Баъди ин ба гуфтаи Арман Мартиросиён муносибати вакилони ҳукуматгарои порлумон ба вакилони онҳо бад шудааст ва то ҳадде, ки дар як баҳс, раиси порлумон аз ӯ хостааст, гӯшҳояшро пок кунад ва ба ҳарфҳои ӯ дурустташ гӯш диҳад. Дар баҳси дигари порлумон, як намояндаи ҳизби ҳоким нутқи Арман Мартиросиёнро бурида ӯро гов садо кардааст ва аз ӯ хостааст, «гапро камтар кунад».
XS
SM
MD
LG