Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирон интихоботи Русияро олуда ба тақаллуб хонданд


Нозирони байналмилалӣ имрӯз гуфтанд, интихоботи порлумонии Русия, ки Ҳизби ҳокими Русияи Воҳид дар он пирӯз шуд, олуда ба тақаллуб будааст. Нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Шӯрои порлумонии Авруро гуфт, ки дар корзори тарғиботии интихоботи рӯзи якшанбе, “рақобати сиёсӣ ва адолат” вуҷуд надошт. Ин нозирон бо пахши баёния гуфтанд, ки “ҳамчунин дасткории оро ва пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ” мушоҳида шудааст. Ҳейдӣ Таглиавинӣ, раиси ҳайъати нозирони Созмони Амнияти ва Ҳамкории Аврупо дар ин бора гуфт:
“Барои ман ин интихобот як бозие буд, ки дар он танҳо баъзе бозигарон иҷозаи рақобат доштанд ва илова бар ин майдонро низ ба нафъи яке аз бозигарон каҷ карда буданд. “ Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ Ҳизби Русияи Воҳид, дар интихобот пирӯз шудааст, вале на бо муваффақияте, ки дар интихоботи пешин дошт. Бо шумориши 96 дар сади баргаҳои раъй, Кумиссиёни Марказии Интихобот эълом кард, ки Ҳизби Русияи Воҳид аз ҳисоби 450 курсии порлумон, зоҳиран 238 курсиро соҳиб хоҳад шуд. Дар гузашта ин ҳизб 315 курсии Думаи давлатиро дар ихтиёр дошт.
XS
SM
MD
LG