Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба Зардорӣ изҳори ҳамдардӣ кард


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои покистонияш Осиф Алӣ Зардорӣ барои ҳалокати 24 низомии покистонӣ бар асари зарбаи нерӯҳои НАТО изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки Обама ҳалокати сарбозонро “таассуфовар” номид ва аммо бори дигар таъкид кард, ки ҳамла барқасдона сурат нагирифтааст. Президенти Амрико бори дигар ваъда кард, ки сабабҳои рӯх додани ин фоҷиа ҳаматарафа таҳқиқ хоҳад шуд.

Баъд аз зарбаи ҳавоии НАТО ба постгоҳи нерӯҳои Покистон дар марз бо Афғонистон, ки рӯзи 26 ноябр ба вуқӯъ пайваст, Исломобод роҳҳои интиқоли молу мавод барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламравашро баст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG