Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсӯд(СНГ), ки рӯзҳои 19-20 декабр дар Маскав хоҳад гузашт, ширкат хоҳад варзид. Ин нахустин сафари ӯ ба Маскав дар пайи қазияи ҳукми халабонҳои ширкати “Ролкан” аст, ки боиси таниши тунде дар равобити Тоҷикистону Русия шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба дунболи боздиди расмиаш аз Украина озими Маскав хоҳад шуд. Дар нишасти Маскав натиҷаҳои 20 соли кори СНГ баррасӣ мешавад.