Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси дуввуми Бонн ва печидагиҳои равобити Афғонистон бо Ғарб


Конфронси байналмилалӣ оид ба сарнавишти ояндаи Афғонистон рӯзи 5 декабр дар шаҳри Бонн оғоз меёбад.

Ҳадаф аз баргузории Конфронси дуввуми Бонн, бозбинии тааҳҳудоти ҷаҳонӣ дар заминаи таъмини суботу амният дар Афғонистон аст.

Хабаргузории Рейтерз дар як гузориши таҳлилии худ менависад: "Аммо ин иҷлос бозгӯкунандаи равобити печидаи Афғонистон бо кишварҳои ғарбӣ ва ҳақиқати сарнавишти норӯшани Афғонистон аст."

Дар ин таҳлили Ройтерз далоиле низ дар ин замина баён шудааст. Аз ҷумла имзо нашудани қарордоди ҳамкориҳои стратегӣ байни Амрико ва Афғонистон, ки бояд барномаи асосии нишасти Боннро ташкил медод.

Далели дуввум иштирок накардани Покистон дар ин нишаст мебошад, ки дар он ҳудуди беш аз ҳаштод кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Покистон дар эътироз ба як ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии НАТО, ки мунҷар ба кушта шудани 24 сарбози покистонӣ шуд, ин нишастро таҳрим кард.

Далели дигар, умеди иштироки намояндаи Толибон дар конфронси дуввуми Бонн буд, ки низ нақши бар об шудааст.

Тавре, ки Ройтерз менависад, болои нишасти Бонн ин ҳақиқат низ соя афкандааст, ки дар ҳамин шаҳр нишасти нахуст дар мавриди Афғонистон доир шуд ва дар фосилаи даҳ сол бар ивази кушта шудани ҳазорон инсон ва миллиардҳо долллар масраф, танҳо дар заминаи таълиму тарбия ва таъмини ҳуқуқи занон дастовардҳои андаке вуҷуд дошта, дар бахшҳои дигар ваъдаҳо амалӣ нашудааст.

Соли 2001 бо сарнагунии режими Толибон, раҳбарони ҷаҳон интизор доштанд, ки ба зудӣ даргириҳо дар Афғонистон поён ёфта, ин кишвар ба пешравиҳо ноил шуда ва ҳуқуқи занон таъмин ва фақру нодорӣ хотима меёбад. Вале ба навиштаи Ройтерз, инак даҳ сол баъд аз он, назари Амрико ва соири кишварҳои ҷаҳон дар мавриди Афғонистон тағйир ёфтааст.

Мақомоти афғонӣ низ мегӯянд, дар Конфронси дуввуми Бонн кӯмакҳои байналмилалиро талаб нахоҳанд кард. Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст: «Дар конфронси Бонн ҳукумати Афғонистон хостори тааҳҳудоти сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд.»

Дипломатҳои ғарбӣ дар Кобул мегӯянд, дар нишасти дуввуми Бонн паёми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон ин хоҳад буд, ки баъд аз соли 2014 афғонҳоро танҳо нагузошта ва бо вуҷуди буҳронҳои мавҷуда дар ҷаҳон, Афғонистон дар барномаи онҳо қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG