Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Бӯҳрони молиявии Аврупо роҳҳали осон надорад


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, изҳор намуд, ки бӯҳрони молиявии Аврупо роҳҳали осон надорад ва барои берун шудан аз он замони тулонӣ зарур аст.

Зимни суханронӣ дар Бундестаг - парлумони кишвар дар робита ба бӯҳрони қарз дар минтақаи евро хонум Меркел гуфт, ки "ин раванд аст ва ин раванд чанд сол идома хоҳад кард".

Садри аъзами Олмон аз пешниҳоди раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар бораи вуруди тағйирот ба созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард. Бо пазируфтани ин тағйирот ҳама кишварҳои минтақаи евро барои риояи ба истилоҳ «интизоми буҷавӣ» масъул хоҳад шуд.

Рӯзи душанбе Саркозӣ ва Меркел ба хотири таҳияи мавқеъи ягона дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар саммит, ки қарор аст рӯзи 9 декабр баргузор шавад, роҳҳои минбаъдаи таҳкими евро – пули ягонаи Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.

Фаронса ва Олмон мегӯянд, ки тағйирот ба созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо барои наҷоти евро зарур аст, ки баъд аз бӯҳрон дар Юнон ва чанд кишвари дигар минтақаи евро ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG