Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти иловагии Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон


Дипломатҳо мегӯянд, вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел мувофиқат карданд, то бинобар сарпечии Эрон аз талаби боздоштани фаъолиятҳои баҳсбарангези атомӣ алайҳи 180 ширкат ва шаҳрвандони он кишвар таҳрим эъмол шавад. Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли дипломатҳои кишварҳои узв навиштаанд, кор барои эъмоли таҳрим дар арсаҳои муҳими истихроҷи газу нафт дар Эрон идома хоҳад кард. Эъмоли таҳримоти иловагӣ алайҳи Эрон ду рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки гурӯҳи тазоҳургарон ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳамла карданд. Пештар аз ин ҳам Иттиҳодияи Аврупо садҳо ширкатҳи эрониро таҳти таҳрим қарор додааст.
XS
SM
MD
LG