Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё гуфт, сафорати Эронро хоҳад баст


Виллям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё
Виллям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё

Виллям Ҳейг гуфт, Лондон дипломатҳои Эронро хориҷ ва сафоратхонаи ин кишварро хоҳад баст.

Ҳамзамон Фаронса сафири худро аз Эрон фаро хондааст ва бо чунин иқдоми худ ба Олмону Норвегия пайваст, ки сафоратхонаҳои худро муваққатан дар Теҳрон баста ва сафиронашонро фаро хондаанд.

Бритониё рӯзи 30 ноябр барои бастани сафорати Эрон дар Лондон ба Теҳрон 48 соат вақт дод.

Ин иқдоми Бритониё пас аз ҳамлаи донишҷӯёни муҳофизакори донишгоҳи исломӣ ба сафоратхонаи Бритониё дар Теҳрон сурат мегирад. Онҳо тирезаҳои биноро шикастанд, парчам ва аснодро ба оташ кашиданд ва ба дуздиву ғорат даст заданд.

Ҳукумати Эрон эълон кард, ки бо ин ҳамлаҳо ҳеҷ иртибот надорад. Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлис ё порлумони Эрон гуфт, “ғазаб”-и ҳамлакунандагон натиҷаи “даҳҳо сол рафтори худсаронаи Бритониё будааст”. Лориҷонӣ зимни сухунони худ дар порлумон тасмими Шӯрои Амнияти Созмони Милалро дар бораи маҳкум кардани ҳамла ба сафоратхона “тасмими осемасарона” хонд.

Дар навори зер: Вуруди тазоҳургарони эронӣ ба сафорати Бритониё дар Теҳрон

Теҳрон: Вуруди тазоҳургарон ба сафорати Бритониё
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим

Аз сӯи дигар, дар Лондон Виллям Ҳейг, вазири корҳои хориҷаи Бритониё дар порлумони кишвараш ин ҳамларо барои эрониён шармовар хонд ва онро бо режими Теҳрон иртибот дод. Ӯ гуфт, "бисёре аз тазоҳуркунандагон донишҷӯён аз созмони ниманизомии Басиҷ буданд. Мо ошкор мегӯем, ки ин созмон аз ҷониби аносире дар режими Эрон контрол мешавад. Тазоҳуркунандагон мебелро шикастаанд, дороӣ, аз ҷумла дороии кормандонро рабудаанд ва бинои аслии сафоратро ба оташ кашиданд." Ҳейг ҳамчунин гуфт, иддаои ҳукумат дар ин бора, ки режими Теҳрон дар ин ҳамлаҳо даст надорад, соддалавҳист.

Ҳоло сафоратхонаи Бритониё дар Теҳрон баста шудааст ва Виллям Ҳейг мегӯяд, кишвараш барои таъмини амнияти кормандони сафорат ҳамаи онҳоро аз Эрон фаро хондааст. Ин сафорат тақрибан 24 корманд дошт. Ҳамаи онҳо бе аъзои хонавода, яъне бе зану фарзандонашон дар он ҷо кор мекарданд. Бритониё ба сабабҳои амниятӣ онҳоро намегузошт, ки ба Эрон сафар кунанд.

Бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ ва тасмими ахири Бритониё дар бораи фаро хондани дипломатҳояш, Виллям Ҳейг, вазири хориҷаи ин кишвар гуфт, Бритониё мехоҳад равобити дипломатӣ бо Эронро ҳифз кунад, то битавонад дар оянда нигарониҳо аз барномаҳои ҳастаии ин кишварро ба баррасӣ бигирад.
XS
SM
MD
LG