Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Марги риққатбори як муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург


Дар акс: Бахтиёр Расулов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кушта шудааст...
Дар акс: Бахтиёр Расулов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кушта шудааст...

Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия сари боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз тан ҷудо кардаанд.

Ба қавли наздикони мақтул, Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.

Ба қавли ин манбаъ, қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд. Ҳоло ҷасади Бахтиёрро, ки аз як лунда гӯшт иборат будааст, мақомоти зидахли Русия муоина мекунанд.

Бахтиёр Расулов, сокини деҳаи “Партизан”-и ноҳияи Шаҳритус ва як ҳамроҳаш, ки ҳанӯз ҳуввияти он мушаххас нашудааст, дар заминаи як ҷанҷоли хонаводагӣ кушта шудаанд. Оқои Расулов ҳамдеҳаи Салоҳиддин Азизов мебошад, ки сари ӯро моҳи декабри соли 2008 дар Русия неофашистҳои рус аз тан ҷудо карда буданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим


Иззат Амон
Иззат Амон
Аммо Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, авҷ гирифтани хушунату ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик паёмади ғайримустақими ҳаёҳуи мақомоти Русия бар сари ду халабони рус ва маъракаи густурдаи таблиғоти зиддитоҷикӣ дар матбуоти ин кишвар будааст. Соҳибназарони тоҷик ҳам мегӯянд, бозтоби якҷонибаи қазияи халабононҳо дар матбуоти Русия муҳоҷирони тоҷикро дар назари мардуми ин кишвар боз ҳам "шум" кардааст ва ин эҳсосу тасвир ба зудӣ аз қалбу зеҳни онҳо шуста нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Русия аз афзоиши бегонаситезӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд. Натиҷаҳои таҳқиқи Маркази иттилоотию таҳлилии "СОВА" низ нишон медиҳад, ки танҳо дар ҳашт моҳи гузаштаи соли 2011 ҳудуди 20 нафар аз дасти нажодпарастон дар Русия кушта, 80 нафар захмӣ ва ба 7 нафар таҳдиди марг шудааст.

Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик оварда мешавад, ки як гурӯҳи онҳо дар пайи ҳамлаи миллатгароёни рус кушта шудаанд. Агарчӣ мақомот бовар доранд, ки бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва ё ҳангоми кор дар сохтмонҳо ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG