Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин “имтиҳон”-и Миср. Пас аз суқути Ҳуснӣ Муборак


Мардуми Миср баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак бори аввал барои порлумони нави худ раъй медиҳанд.

Маршал Ҳусейн Тантовӣ, фармондеҳи артиши Миср гуфт, ба “нооромкунандагон” иҷоза нахоҳад дод, ки ба ҷараёни раъйдиҳӣ мудохила кунанд. Ӯ ҳушдор дод, агар Миср буҳрони кунуниро натавонад паси сар кунад, дар он сурат ин кишварро “пайомадҳои маргбор” мунтазир хоҳад буд.

Раҳбари низомии Миср дар ҳоле ин суханонро изҳор дошт, ки ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон ба нишони эътироз дар майдони “Таҳрир”-и Қоҳира гирди ҳам омада буданд. Тазоҳуркунандагон тақозо мекарданд, ки қабл аз баргузории интихоботи порлумонӣ ҳокимияти низомӣ фаъолияти худро қатъ карда ва дар ихтиёри ғайринизомиён бигузорад.

Тазоҳуроти эътирозии чанд рӯзи ахир, ки дар ҷараёни он 42 нафар эътирозгарон кушта шуданд, ба раъйдиҳии имрӯз дар интихоботи порлумонӣ соя афкандааст. Ин интихобот то моҳи марти соли 2012 давом мекунад ва дар ҷараёни он намояндагонро барои ду маҷлиси порлумони Миср интихоб хоҳанд кард.

Нахустин интихобот пас аз суқути Муборак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Линки мустақим

Дар Миср 50 миллион нафар аҳолии қобили раъй ба сар мебаранд ва тақрибан 400 ҳизбу созмони мухталиф барои ишғоли 498 курсии порлумон 6000 номзади худро пешбарӣ кардаанд.

Тазоҳуркунандагон бим доранд, ки Шӯрои олии неруҳои мусаллаҳ, ки раҳбарии Мисрро аз моҳи феврал, яъне пас аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак бар дӯш дорад, талош хоҳад кард, ки дар сари қудрат боқӣ бимонад. Генерал Мамдуҳ Шоҳин, узви Шӯрои низомии Миср рӯзи 27 ноябр гуфт, низомиён ҳатто баъд аз интихобот низ ҳаққи таъйин ва пароканда кардани кобинаи вазиронро нигоҳ хоҳанд дошт.

Раҳбарони низомии Миср бар ин ақидаанд, ки баъд аз хатми ҳамаи марҳилаҳои интихобот порлумон ба таҳияи Қонуни асосии кишвар шурӯъ мекунад ва ин қонун дар раъйдиҳии умумӣ пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба тасвиб мерасад. Чунин кор ба низомиён имкон медиҳад, ки онҳо то охири соли 2012 ё то авоили соли 2013 дар сари қудрат бимонанд.

Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки муддатҳои тӯлонӣ зомини сулҳи Мисру Исроил буданд, ба низомиён пешниҳод кардаанд, ки ором аз қудрат канор раванд, то дар пурнуфустарин кишвари арабӣ нооромӣ пеш наояд.
XS
SM
MD
LG