Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Лигаи Араб ба режими Башор Асад


Лигаи давлатҳои Араб ҳушдор дод, ки Сурия барои пазируфтани пешниҳоди истиқрори нозирони хориҷӣ як рӯзи дигар фурсат дорад, вагарна ба таҳримоти иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Лигаи Араб гуфт, агар Димишқ ин пешниҳодро то рӯзи ҷумъа напазирад, ин бузургтарин иттиҳодияи кишварҳои арабӣ, мақараш дар Қоҳира, як рӯз баъд ба баррасии мавзӯъи эъмоли таҳримот алайҳи Сурия хоҳад пардохт. Ин муҷозот метавонад қатъи муомила бо бонки марказии Сурия ва ҳам қатъи тиҷорат бо давлати Башор Асадро фаро бигирад. Лигаи Араб истиқрори 500 нозир дар Сурияро ба хотири хатми саркӯбии эътирозҳо пешниҳод кардааст, вале Димишқ қабул надорад. Ба ҳисоби СММ, аз моҳи март дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳо дар Сурия беш аз 3500 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG