Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои низомии Миср истеъфои ҳукуматро пазируфт


Фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ
Фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ

Ҳокимони низомии Миср истеъфои кобинаи вазирони ин кишварро пазируфтаанд.

Раиси Шӯрои олиии нирӯҳои мусаллаҳи Миср фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ дар як паёми телевизионӣ ҳамчунин гуфт, агар мардум бихоҳад, низомиён омодаанд қудратро билофосила ба як ҳукумати мулкӣ бисупоранд: “Интихоботи парлумон дар вақти барояш таъйиншуда доир шуда, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар июни соли 2012 такмил хоҳад шуд. Нерӯҳои мусаллаҳ, ки Шӯрои низомӣ аз онҳо намояндагӣ мекунад, қасди ҳукмрониро надоранд ва манофеъи кишварро аз ҳама чиз боло мегузоранд. (Низомиён) омодаанд масъулиятро билофосила супурда, ба иҷрои масъулияти аслии худ барои дифоъ аз кишвар баргарданд. Агар мардум бихоҳад ва вазъ инро тақозо кунад, ин корро метавон тавассути як раъйпурсии саросарӣ анҷом дод.”

Аммо гузаштҳои Тантовӣ дар баробари тардиди ӯ аз истифодаи беш аз ҳадди нирӯ дар ин 4 рӯзи даргириҳо алайҳи эътирозгарон, беш аз 100 000 мардуми гирдиҳамомада дар майдони Таҳрири Қоҳираро ором карда натавонист. Издиҳом дар ин майдон алайҳи Тантовӣ, ки вазири дифоъ дар ҳукумати кунунии Миср низ ӯст, ҳамчунон шиори “Истеъфо!” мезад. Тазоҳургарон мегӯянд, то замони таслими билофосилаи қудрат аз Шӯрои низомӣ ба як ҳукумати мардумӣ тарки майдон нахоҳанд кард.

Тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира
Тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира
Ибтисом Ҳамалавӣ, яке аз ин эътирозгарон гуфт, ки онҳо ба гуфтаҳои Тантовӣ бовар надоранд, чунки, ба таъбири ӯ, “тӯби бозӣ чанд моҳ боз дар ихтиёри Шӯрои низомист, вале низомиҳо коре накарданд.”

Тазоҳуроти рӯзи сешанбе дар майдони Таҳрир дар пайи даъват ба як “раҳпаймоии миллионнафарӣ” доир шуд. Аммо нерӯҳои пулису артиш ҳамчунон ба ин гирдиҳамоии навбатӣ бо гази ашковару тирҳои резинӣ посух доданд.

Паёми фелдмаршал Тантовӣ тавассути телевизион дар пайи музокироти Шӯрои низомӣ бо чанде аз гурӯҳҳои сиёсии Миср ба хотири пайдо кардани роҳҳои хатми ошӯбҳо нашр шуд. Ин Шӯро дар моҳи феврал, дар пайи суқути режими 30-солаи Ҳуснӣ Муборак бо ин ваъда ба қудрат расид, ки дар зарфи 6 моҳ ё баъди баргузории интихоботҳои парлумониву раёсатҷумҳурӣ зимоми идораи умури Мисрро ба ғайринизомиён бар хоҳад гардонд.

Тантовӣ гуфт, интихоботи парлумон дар вақташ, яъне рӯзи 28 ноябр доир хоҳад шуд. Як талаби умда пештар овардани замони интихоботи президентӣ буд, ки қаблан, қарор буд, дар поёни соли 2012 ё ҳатто дар соли 2013 баргузор карда шавад. Тантовӣ ин талабро низ пазируфт ва ин раъйгириро ба моҳи июни соли оянда таъйин кард.

Аммо бисёре аз сиёсатмадорон ва мардуми Миср мегӯянд, низомиҳо қасди ҳифзи қудратро дар сар доранд. Тарҳи Қонуни асосие, ки кобинаи таҳти ҳимояти низомиён ироа кардааст, артишро аз таҳти назорати ниҳодҳои мулкӣ хориҷ нигоҳ дошта, ба низомиҳо қудрати фаровони амниятӣ медиҳад. Ҳамин тарси дар дасти генералҳо боқӣ мондани қудрат ва талоши, ба гуфтаи эътирозгарон, “дифоъ аз инқилоб” мардумро дигарбора ба майдони Таҳрир овард.

Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак, раҳбари барканоршудаи Миср
Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак, раҳбари барканоршудаи Миср
Аз 19 ноябр ба ин сӯ, тайи чор рӯзи эътирозҳое, ки ба бадтарин хушунатҳо аз замони суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал мунҷар шуд, дар Миср ва асосан дар пойтахташ – Қоҳира - дастикам 24 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тан захмӣ шуданд.

Афви байналмилалӣ гуфт, мақомоти низомии Миср дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон “комилан ноком шудаанд.” Саид Ҳаддодӣ, муҳаққиқи масоили Миср дар ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ҳокимони низомӣ низ аз бархе шеваҳои саркӯбгаронаи замони Муборак кор мегиранд: “Онҳо дигарбора ҳамон таъбирҳои замони Муборакро кор бурда, ба амният ва зарурати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъкид мекунанд. Онҳо озодиҳои аслиро замин карданд. Ва агар ба амали онҳо бингаред, онҳо бадтар аз Муборак рафтор мекунанд.”

Амрико истифодаи нирӯи, ба гуфтаи Вошингтон, “беш аз ҳадд” алайҳи тазоҳургарони мисриро маҳкум кард. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо изҳори нигаронӣ аз хунрезиҳо, аз мақомоти Миср хост, то ҳимояти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандиро тазмин диҳанд.

Аммо бо ин ҳама, оё метавон таҳаввулоти ахири Мисрро, тавре аҳли майдони Таҳрир дар Қоҳира мегӯянд, “инқилоби дуввум” номид? Ва оё аҳли ин майдон аз паёми ахири Тантовӣ то куҷо қаноат ҳосил кард? Ва аз ин ба баъд вазъи Миср ба кадом самту сӯ тағйир хоҳад кард? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон дар миён гузоштам.
XS
SM
MD
LG