Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни баҳси Бонки аврупоӣ бо ширкати "Лаъл"


Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд се корхонаи маҳаллиро муваззаф кард, 1 119 000 доллар воми гирифтаашонро ба Бонки аврупоии бозсохт ва рушд баргардонанд. Ин бонк дар соли 2009 ба ширкати “Лаъл”-и Хуҷанд 2,1 миллион доллар қарз дод, ки бояд барои сохтани коргоҳи тавлиди банкаву зарфҳои дигари шишагӣ масраф мешуд. Аммо ширкат аз иҷрои ӯҳдадориҳояш кӯтоҳ омад ва бар асоси ҳукми додгоҳ, бояд ба Бонки аврупоӣ беш аз 1 миллион доллар пардохт кунад. Дар сурати нотавонии молии ширкати “Лаъл”, ин маблағ бояд аз ширкати “Конибодом” ва корхонаи консерви Исфара, ки низ дар ин қазия масъул шинохта шуданд, рӯянда шавад.
XS
SM
MD
LG