Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба раҳоии халабонони ширкати русӣ


Додгоҳи вилояти Хатлон. Ҳукми озодии Садовничий ва Руденкоро эълон мекунанд. 22 ноябри соли 2011
Додгоҳи вилояти Хатлон. Ҳукми озодии Садовничий ва Руденкоро эълон мекунанд. 22 ноябри соли 2011

Вазорати умури хориҷии Русия раҳоии Садовничий ва Руденкоро як "муваффақияти бузург" номид.

Як манбаъ дар Вазорати умури хориҷии Русия ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, бо озодии Владимир Садовничий адолат барқарор шуд. Ин манбаъ дар идома афзудааст, аз оғози қазияи ин халабонон, ҳукми додгоҳ нисбати шаҳрванди Русияро беасос медонистанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дафтари раёсатҷумҳурӣ, Вазорати умури хориҷӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Думаи давлатӣ ва Ҳизби либерал-демократи Русия низ аз ин ҳукми додгоҳи Хатлон нисбати ду халабони як ширкати русӣ истиқбол кардаанд. Вазири умури хориҷии Эстония Урмас Паэт дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар аввалин фурсат Алексей Руденко ва намояндаи муваққатии кишвараш Маргус Солнсон ба Таллин бархоҳанд гашт.

Аммо вокуниш дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим


Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон:

“Пас аз он ки масъала хислати сиёсӣ гирифт ва ҷониби Русия ин қазияро хеле сиёсӣ кард, давлати Тоҷикистон ҳам ба хотири шаҳрвандони худ, ки дар Русия таҳти таъқиб қарор гирифтаанд, ба баъзе гузаштҳо роҳ дод. Лекин дар маҷмӯъ ин афрод барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷазои худро гирифтанд. Онҳо ҳамчун шахсоне, ки марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд, шинохта шуданд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик:

“Раҳоии онҳо дар оянда боиси мӯътадил шудани равобити миёни Тоҷикистону Русия хоҳад шуд. Зеро Русия дар марҳилаи интихоботӣ аст ва озод шудани онҳо идеяҳои ботилеро, ки бархе аз сиёсатмадорҳо доштанд, иншооллоҳ, бар бод дод. Робитаҳо оҳиста – оҳиста беҳтар мешаванд. Дар масъалаи муҳоҷирон ҳаминро бояд бигӯям, ки аллакай вазъ ором шудааст. Имрӯз аз чанд ҷой ба ман занг зада ва гуфтанд, ки муносибати масъулин бо муҳоҷирон тағйир ёфтааст.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
Линки мустақим


Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик:

"Гап дар сари он аст, ки агар айби онҳо тасдиқ шуда бошад, пас, он хел дабдабаи 8,5 сол додану баъд аз даҳ рӯз онро бекор кардан аз рӯи масъулияти вазифаву аз рӯи одоб нест. Лекин агар онҳо воқеан бегуноҳ буда бошанду пас ба 2,5 сол кам кардану баъд афв кардани ин ҳам як мазмун дорад, вале чаро ин чиз як коре, ки муддати дароз дар тафтиш будааст, ин қадар кори хомро ба суд бароварда баъд суд ҳукм мекардааст. Ин ҷо чизҳои норавшан хеле зиёданд. Аз тарафи дигар ин масъала бештар масъалаи сиёсӣ будааст, на масъалаи ҳуқуқӣ. Агар воқеан масъалаи ҳуқуқӣ мебуд, суде, ки қарор баровард, бояд масъули ҳамин қарори худ мебуд. Яъне агар суд ҳукми одилона бароварда бошад, давлат бояд аз он ҳимоят мекард, аммо агар ҳукм ноодилона бошад, пас худи суд ҳам бояд масъулият дошта бошад. Муносибати 2-3 давлат бинобар ҳамин ҳукм хел вайрон шуд. Афкори ҷамъиятии Русия тавассути васоити ахбор зидди тоҷикӣ гашт. Ин масъулиятро кӣ ислоҳ мекунад? Кӣ ба ин ҷавоб медиҳад? Сиёсатмадорони мо ба ин масъалаҳо бояд эътибор диҳанд. Агар дафъи дигар суди ягон ноҳия ё шаҳри дигар ин чизҳоро такрор кунад, вой, ба ҳоли низоми суду вой ба ҳоли қонунияту вой ба ҳоли сиёсат ҳам."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00
Линки мустақим


Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон:

“Солҳои ахир муносибати Тоҷикистону Русия гарм набуд. Агар ин муносибат гарм мешуд, қазияи халабонҳо низ ба миён намеомад. Ҳоло ин воқеа нишон дод, ки дар равобити Тоҷикистону Русия на ин, ки ҳуқуқ, балки сиёсат нақши хеле муҳим мебозад. Яъне кӣ зӯр аст ва чӣ гуна таъсир расонида метавонад. Ин масъала муҳтавои муносибати ин ду давлат мебошад. Гузашта аз ин, ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли ахир бисёр корҳое мекунад, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳо додан мушкил аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати кадрии имрӯзаи ҳукумат бо ду пой мелангад.”

Ва вокунишҳо дар Русия:

Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия:

"Бешубҳа, ин комёбии дипломатии мост, аз ҷумла дипломатияи порлумонӣ. Халабонҳои дар Тоҷикистон боздоштаи моро ниҳоят озод карданд."

Наталя Тимакова, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия:

"Авзоъ ҳама вақт зери назорати раисиҷумҳур буд. Бо дастури ӯ машваратҳое бо мақомоти Тоҷикистон ҷараён ёфт ва ҳамчунин чораҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди Русия корбаст шуд."

Алексей Островский, раиси Кумитаи Дума дар умури ИДМ:

"Озодии шаҳрванди Русия ва ҳамватани эстони мо пирӯзии бетардиди Русия ва раҳбарияти кишвари мост. Ҳамзамон, бояд иқрор кунам, ки Русия, мутаассифона, аз чораҳои пешгирикунанда истифода намекунад, ки пешакӣ ба баъзе раҳбарони баъзе давлатҳои пасошӯравӣ ҳушдор диҳад, ки шӯхӣ кардан бо шаҳрвандони мо оқибати хуб надорад."

Вокунишҳо дар Эстония

Тоомас Хендрик Илвес, раисиҷумҳури Эстония:

"Ҳукми додгоҳ, ки мӯҳлати ҷазоро кам кард ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳамроҳ бо шаҳрванди Русия Владимир Садовничий озод шуданд, ба мо қаноат медиҳад. Ҳамватани мо метавонад ба ватанаш баргардад."

Лийви Руденко, модари халабони рустабор Алексей Руденко:

"Ман хеле хушбахтам, ки писарамро раҳо карданд, ҳарф надорам. Фикрҳои ҳархела ба сарам меомад, дилам дард мекард ва намедонистам, ки он ҷо вазъ чӣ тавр аст. Як интизории сахте буд. Вай доим аз ман хоҳиш мекард, ки модар, ҳеҷ ғавғое роҳандозӣ накун. Аммо вақте ки Русия дар интернет ғавғо сар кард, ман ҳам хомӯш намондам, чарх ба гардиш омад. Ман бовар доштам, ки [эстонҳо] бе валвала ва паст задани тоҷикон корро ҳал мекунанд. Чизе ки ҳамсояи бузурги мо кард, безеб буд, аммо таъсир кард. Рӯйи тоҷикон фишор оварданд, ман сипосгузорам, шояд бе ин кор чунин зуд ҳал намешуд."

Ҷузъиёти аввалияи ҷаласаи додгоҳ ва вокуниши наздик ба 100 хонандаи ин матлаб.

Маҷмӯи ҳамаи матолиби марбут ба қазияи халабонҳо ва муҳоҷирон дар сафҳаи вижа.

Аввалин гузориши Радиои Озодӣ дар бораи халабонҳои боздоштшуда
XS
SM
MD
LG