Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хатлон Садовничий ва Руденкоро озод кард


Дар акс: Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо вакили дифои худ сӯҳбат мекунанд. Додгоҳи вилояти Хатлон, 22 ноябри соли 2011
Дар акс: Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо вакили дифои худ сӯҳбат мекунанд. Додгоҳи вилояти Хатлон, 22 ноябри соли 2011

Додгоҳи Хатлон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони як ширкати русиро озод кард.

Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон, ки расидагии дубора ба парвандаи ду халабонро бар ӯҳда дошт, эътирози додситонӣ дар мавриди афви Садовничий ва Руденкоро пазируфт, вале аз шикояти маҳкумшудаҳо сарфи назар кард. Ду халабони маҳкумшуда аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунин "сафед" кунанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ба 2 солу шаш моҳу 10 рӯзи зиндон маҳкум шуда, аммо бар асоси қонуни афви Тоҷикистон ба озодӣ баромаданд.

Намояндагони додситонии вилояти Хатлон
Намояндагони додситонии вилояти Хатлон
Қабл аз ин, Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро ниҳоят сангин хонда ва аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаб карда буд, ки ин ҳукмро нармтар кунад.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, пас аз он ки аз толори додгоҳ озод шуд, дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ хушҳол аст. Вай гуфт, ҳарчанд ин ҳукми додгоҳ ӯро сафед накард, вале аз он ки ба озодӣ баромад, худро хушбахт эҳсос мекунад. Оқои Садовничий дар ин сӯҳбати худ ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Руси ҳам ишора кард ва гуфт, ки боздошту ихроҷи муҳоҷирон роҳи ҳалли қазия буда наметавонад. “Ба хотири ғаразҳои сиёсӣ набояд муҳоҷирони тоҷик шиканҷа ва “депортатсия” шаванд”,-гуфт Владимир Садовничий.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Русия дар нахустин вокуниш, аз раҳоии ин ду халабон истиқбол намуда онро як "муваффақияти бузург" хондааст. Як манбаъ дар вазорати умури хориҷи Русия ба хабаргузории русии Инерфакс гуфтааст, ки бо озодшавии Садовничий адолат барқарор шудааст. Ин манбаъ дар идома афзудааст, ки аз оғози қазияи ин халабонон, ҳукми додгоҳ нисбати шаҳрванди Русияро беасос медонистанд.

Дмитрий Кабаев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон низ ҳукми додгоҳи вилояти Хатлонро нисбати ду халабони як ширкати русӣ мусбат арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки Владимир Садовничий ба зудӣ ба кишвараш -- Русия фиристода хоҳад шуд.

Се додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи Садовничий ва Руденкоро бар дӯш доштанд...
Се додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи Садовничий ва Руденкоро бар дӯш доштанд...
Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, мегӯяд, барои озодии халабонҳо -- Садовничий ва Руденко аз “эҳсоси башардӯстона” кор гирифта шудааст. Вале ӯ афзуд, тафтиши фаъолияти ширкати “Ролкан” ва ҳамин таври раҳбари он Сергей Полуянов идома меёбад. Оқои Толибов гуфт, зимни тасдиқ шудани гуноҳҳои Полуянов, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Вале на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳаштуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард. Бино ба қарори додгоҳ, ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан", ки Садовничий ва Руденко бо он ба Тоҷикистон фуруд омадаанд, ба фоидаи давлати ин кишвар мусодира шуд.

Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG