Ширкати хусусии ҳавопаймоии “СомонЭйр” аз ифтитоҳи парвозҳо ба шаҳри Қазони Русия хабар медиҳад. Ба навиштаи “Азия Плюс”, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи “Боинг” аз Душанбеву Хуҷанд ба пойтахти Тотористон аз 8 декабр оғоз хоҳад ёфт. Қимати парвоз аз ҷониби Тоҷикистон 160 евро таъйин шудааст. “СомонЭйр” аз соли 2008 вориди бозор шуд ва феълан дар 22 масир парвоз анҷом медиҳад.