Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин додгоҳи марбут ба ҷанги соли 1971 дар Дако


Дар Дако нахустин додгоҳи марбут ба ҷанги истиқлолҷӯии Бангладеш алайҳи Покистон оғоз ёфт. Диловар Ҳусайн Саидӣ, аз аъзои аршади ҳизби Ҷамоати исломӣ ба ҷароиме, чун наслкушӣ, таҷовуз ба номус ва ҳукмҳои шаръӣ дар иртикоби ҷанги соли 1971 айбдор мешавад. Додгоҳи вижа он атбоъи Бангладешро муҳокима мекунад, ки ба ҳамкорӣ бо нирӯҳои Покистон айбдор мешаванд. Бангладеш, ки қаблан Покистони шарқӣ ном дошт, соли 1971 баъди 9 моҳи ҷанг аз Покистон ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG