Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба қароргоҳи Ҳизби Баъси ҳоким бар Сурия


Ба гуфтаи шоҳидони айни ва мудофеъони ҳуқуқ, имрӯз ба қароргоҳи Ҳизби Баъси ҳоким бар Сурия дар шаҳри Димишқ, бо норинҷакандоз ҳамла кардаанд. Бори аввал аст, ки баъди шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия дар моҳи март, шаҳри Димишқ шоҳиди чунин ҳамла мешавад. Айни замон Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба рӯзномаи "The Sunday Times" гуфтааст, ӯ дар сурати амалиёти байналмилалии низомӣ алайҳи давлаташ, кӯтаҳ нахоҳад омад. Ӯ ба ин рӯзномаи бритониёӣ гуфтааст, дар сурати мудохилаи хориҷӣ ӯ қатъан омодаи ҷанг ва марг барои Сурия аст. Башшор Ассад афзудааст, барои ҳар қатра хуне, ки дар Сурия мерезад, андӯҳгин аст, вале бояд гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор нобуд ва низому тартибот таъмин шавад. Ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқ рӯзи шанбе, маъмурони амниятии Сурия 14 нафари дигарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG