Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фишорҳо ба давлати Сурия


Фишорҳо ба режими Сурия меафзояд, то ба саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ хотима диҳад. Аз як сӯи Иттиҳодияи Араб ба Сурия бо таҳрим таҳдид кардааст ва Фаронса хостори эмъоли таҳримоти тозаи Созмони Милал алайҳи он кишвар шудааст. Бино ба гузоришҳо, шаби ҷумъа ба шанбе дар Сурия дар идомаи тазоҳуротҳои зидди раиси ҷумҳур Башшор Асад, ки ҳашт моҳ пеш шурӯъ шуд, даҳҳо нафари дигар кушта шуданд. Аз он замон то кунун ба гуфтаи Созмони Милал бештар аз 3500 нафар ҷон додаанд. Давлати Сурия мегӯяд, хушунат кори дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ аст. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дигарбора таъкид кард, ки ба эътиқоди кишвараш Башшор Асад бояд канорагирӣ кунад ва роҳро барои гузариши демократӣ боз намояд. Мардуми Сурия аксаран суннимазҳаб аст, вале ҳукуматро аксараш шиъамазҳабон идора мекунанд.
XS
SM
MD
LG