Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зепп Блаттер аз гуфтаҳояш пушаймон аст


Зепп Блаттер, раиси Федератсиони байнулмилалии футбол (ФИФА), барои як изҳороташ дар робита ба нажодпарастӣ дар футбол узр хост ва аммо эълом дошт, ки мақоми худро тарк карданӣ нест.

Дар мусоҳиба бо ВВС Блаттер изҳор намуд, ки, ба ақидаи ӯ, "ҳама гуна низоъҳои марбут ба нажодпарасӣ дар майдони футбол бо дастфишории баъди бозӣ ҳал мешаванд".

Ин суханон боиси норозигӣ ва интиқод аз сӯи ҷомеъа шуданд. Нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон ва футболбози маъруф Дэвид Бэкҳем раиси ФИФА-ро барои ин гуфтаҳо танқид карданд.

Зепп Блатер имрӯз гуфт, ки аз он гуфтаҳояш пушаймон аст ва аммо истеъфои ӯ "тасмими ноодилона" хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG