Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Зарба ба Эрон барои иқтисоди ҷаҳон хатар дорад


Леон Панетта, вазири дифои Иёлоти Муттаҳида
Леон Панетта, вазири дифои Иёлоти Муттаҳида
Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Леон Панетта гуфт, дар дидораш бо ҳамтои исроилии хеш вай нигарониҳои Амрикоро аз оқибатҳои амали ҳарбӣ зидди Эрон дар миён хоҳад гузошт. Вай афзуд, зарба ба Эрон зарба ба иқтисодиёти ҷаҳон хоҳад буд. Панетта ҳамчунин назари таҳлилгарони амрикоиро зикр кард, ки мегӯянд, зарба Эронро ба камияш дар як ё ду соли баъдӣ дубора ба роҳи бунёди силоҳи ҳастаӣ хоҳад овард, ки ҳоло мегӯяд, ин барномааш хосияти сулҳомез дорад. Панетта қарор аст, дар ҳошияи форуми амниятӣ дар Ҳалифакси Канада бо вазири дифои Исроил Эҳуд Барак мулоқоти дуҷониба дошта бошад. Худи Эрон низ зидди эҳтимоли ҳама гуна ҳамла ҳушдор додааст, ки ба Исроил ва манофеи Иёлоти Муттаҳида дар халиҷи Форс зарба хоҳад зад. Коршиносон мегӯянд, посухи Эрон метавонад, бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз бошад, ки наздик ба 40 дарсади ҳамаи нафти ҷаҳон аз он убур мекунад.
XS
SM
MD
LG