Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вестервелле масъалаи гази Туркманистонро баррасӣ мекунад


Гуйдо Вестервелле
Гуйдо Вестервелле
Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷии Олмон имрӯз барои музокира роҷеъ ба таъмини энержӣ ва баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон қарор дорад. Хабаргузории DPA Олмон гуфтааст, имкони ширкати Туркманистон дар эҳдоси лулаи гази табиӣ масъалаи аслии гуфтугӯи Вестервелле бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон мебошад. Қарор аст, ин лулаи газ манобеи Дарёи Хазарро бо бозорҳои аврупоӣ бипайвандад. Эҳдоси лулаи гази Набукко соли 2017 ба поён мерасад ва пойбандии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро ба гази Русия коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG