Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон санади хариди барқ аз Тоҷикистонро тасвиб кард


Ҳукумати Покистон ёддошти тафоҳуми хариди нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тасвиб расонд. Дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ гуфта шуд, ин қарордод ба рафъи камбуди нерӯи барқ дар Покистон мусоадат хоҳад кард. Тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон чанд соли охир баррасӣ шуда, асноди ҳуқуқии он ба имзо мерасанд, аммо амалан барои роҳ ёфтани барқи Осиёи Марказӣ ба Покистон бояд хатти баландшиддати КАСА - 1000 сохта шавад, ки ҳанӯз ҷузъиёт ва заминаи молии он муайян нашудааст.
XS
SM
MD
LG