Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шевченко: "Ин фишор ба Тоҷикистон нест, таҳқири одамон аст"


Максим Шевченко
Максим Шевченко

Бо ибтикори Иттиҳоди Ҷавонони Тоҷик ва раҳбари он Иззат Амон дар хабаргузории "Интерфакс" дар Маскав роҷеъ ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Дар он Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия, Максим Шевченко, рӯзноманигори рус ва руасои ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав ширкат доштанд.

Тибқи анъана дар нишастҳои хабарии Маскав рӯзноманигорони зиёди рус ширкат мекунанд. Вале дар ин нишасти хабарӣ аксари расонаҳои хабарии Русия ва матбуоти он аз фиристодани намояндагонашон худдорӣ карданд.

Дар оғози ин нишасти хабарӣ аз Максим Шевченко пурсидем, чаро ҳар гоҳ, ки муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистону Русия тира мешавад, Русия қартаи ба истилоҳ “муҳоҷирони кории тоҷик”-ро ба бозӣ медарорад ва аз он ба унвони василаи фишор бар Тоҷикистон истифода мекунад?

Баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00
Линки мустақим

Максим Шевченко: “Фикр мекунам, ин фишор ба Тоҷикистон нест, ин таҳқири одамони коргар аст, ки дар шароити сахт дар Русия кор мекунанд. Ин таҳқири ҳайсияту эътибори шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар Русия кор мекунанд. Ин барангехтани рӯҳияи фашистӣ дар Русия аст, барои он ки амалан ба созмонҳои фашистӣ, сартарошидаҳо ё скинҳедҳо ва миллатгароёни нав бо ангушт нишон медиҳанд, ки бубинед онҳо, яъне тоҷикон душманони хатарноканд, тоҷиконе, ки Онишенко ба мо мегӯяд, ки онҳо СПИД ва бемории сил меоранд. Ман бовар дорам, ки худи Онишенко бо чунин гуфтаҳо дар зиндагиаш ягон тоҷикро надидааст. Вай намедонад, ки пайравони Ислом мардуми пок ҳастанд, поктар аз мардумони минтақаҳои дигари сайёра... рӯирост мегӯям. Чунин маърака шармовар аст. Барои чӣ аз иштибоҳ ва соддалавҳии нухбагони тоҷик мардуми тоҷик азият бинад. Дар Маскав хешовандони Раҳмон, хешовандони элита зиндагӣ мекунанд, онҳо дар ин ҷо моликият доранд, мошин, хона ва бизнес ё корхона доранд. Шояд зарбаро ба онҳо ворид мекарданд... Чаро ба ононе зарба мезананд, ки барои зиндагии худашон бе ин ҳам мубориза мекунад.”

Радиои Озодӣ: Медонед, ҳар гоҳ, ки муносиботи миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар сард мешавад, аз он муҳоҷирони корӣ зарар мебинанд. Масалан, баҳонаҳое дар бораи полиомелит пайдо мешавад, дар бораи бемориҳои силу СПИД-и муҳоҷирони корӣ изҳорот медиҳанд. Ба назари Шумо, чаро бо муҳоҷирон ин гуна муносибат мекунанд?

Максим Шевченко: “Аввалан, ман мухолифи истифодаи истилоҳи “Муҳоҷирони корӣ” ҳастам. Онҳо коргарон - шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Истилоҳи “муҳоҷирони корӣ”-ро он қадр дӯст намедорам. Фикр мекунам, посухи суоли Шумо назарбаландист ва сабаби он ҳам нажодпарастист. Омодагии дарунӣ барои ҷудоиандозӣ, майл ба аппартеид, ба фашизм аст, ки дар ботин вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам, ки элитаи муосири Русия ва синфи миёна қишре ҳастанд, ки эҳсосоти аҷибу ғарибе доранд ва ҷаҳони атрофи худро намебинанд, ба мардумони дигар эҳтиром намегузоранд ва онҳо аз ҳар гуна анъанаи милливу мазҳабӣ маҳруманд. Барои ҳамин дар вуҷуди онҳо эҳсосоти бадбинӣ пайдо мешавад, бадбинӣ дар сатҳи ҳайвон.”

Радиои Озодӣ: Шумо роҷеъ ба пешниҳоди Владимир Жириновский -раиси Ҳизби Либерал-Демократи Русия чӣ назар доред, ки ба Вазорати мудофиаи Русия номае фиристода ва гуфтааст, бо истифода аз нерӯ бояд халабонони русро озод кунанд?

Максим Шевченко: “Фикр мекунам, ки ҳамаи фаъолияти вай ба қатъи робитаҳои шаҳрвандони Шӯравии собиқ сабаб мешавад ва мероси камеро, ки аз давраи Шӯравӣ ба мо мондааст, аз байн мебарад. Вай агенти нерӯҳое мебошад, ки мехоҳанд ҷудоӣ дар густараи Шӯравиии пешин бештар шавад. Онҳо мехоҳанд, ки қисмати бештари мардумро дар ин ҷо ба вазъи таҳқиромезу ҳолати пойбандӣ ва вобастагии молӣ баргардонанд. Вай шӯрандоз, масхарабози сиёсӣ ва фашист аст. Он чӣ ба даъвати вай роҷеъ ба истифодаи нерӯ бар зидди як кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ иртибот дорад, ба кишваре, ки мехоҳад ба узвияти Иттиҳоди Гумрукӣ дарояд, ба кишваре, ки бо Русия қарордодҳои муттааддиди мухталиф дорад, ман ҳадафи чунин даъватҳоро нишонаи ба ҳам задани Иттиҳоди Гумрукӣ, ба ҳам задани тарҳи Путин дар бораи барқарории Иттиҳодияе чун Иттиҳодияи АвруОсиё медонам. Ҳадафи он ба ҳам задани Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва ба ҳам задани ҳамаи мувофиқатномаҳоест, ки ба нафъи Русия ба имзо расидаанд. Жириновский ва афроде мисли вай агентҳое ҳастанд, ки бар зидди манофеи Русия кор мекунанд. Ман фикр мекунам, ки бояд эътибори намояндагии порлумон аз вай гирифта шавад ва вайро дар Федератсияи Русия ба додгоҳ кашанд.”
XS
SM
MD
LG