Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози додситонии Хатлон ба ҳукми халабонҳо


Додситонии вилояти Хатлон ба додгоҳи ин вилоят аз ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа дар қиболи халабонҳои ширкати ҳавопаймоии «Ролкан» шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко эътироз овардааст. Шоҳрух Раҷабов, як масъули додситонии Хатлон гуфт, ин ниҳод ҳукми халабонҳоро хеле сангин мешуморад. Афзалӣ Иззатов, муовини додситони Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, иттифоқчии Тоҷикистон будани Русия зимни судури ҳукм чандон ба эътибор гирифта нашудааст.Додгоҳи Қӯрғонтеппа ин ду халабонро ҳафтае пеш бо ҷурми убури ғайриқонуниии марз ва қочоқ ҳаштунимсолӣ маҳкум кард. Ҳукми ин ду халабон мояи як таниши бесобиқа дар равобити Маскаву Душанбе шудааст.
XS
SM
MD
LG