Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подшоҳи Урдун: "Дар ҷои Асад мебудам, истеъфо медодам."


Чанд рӯз пас аз таълиқи узвияташ дар Лигаи араб Сурия зери фишори афзояндаи байнулмилалӣ қарор мегирад ва аз раҳбари он даъват мешавад, ба саркӯби мӯътаризони зиддидавлатӣ хотима гузорад. Подшоҳи Урдун Малик Абдуллоҳ нахустин раҳбари арабе шуд, ки аз рабҳари Сурия Башор Асад хост, дар робита ба саркӯби тазоҳурот, ки аз моҳи март ба ин сӯ сабаби ҳалокати 3500 нафар шудааст, истеъфо диҳад. Дар мусоҳиба бо радиои Би-би-сӣ Абдуллоҳ гуфт, агар дар ҷои Асад мебуд, кайҳо истеъфо медод. Иттиҳоди Аврупо бо эъмоли таҳримҳои нави зидди Сурия бо Лигаи араб гуфтугӯ дорад, то роҳи дифоъ аз шаҳрвандон дар Сурия дарёфт шавад. Иёлоти Муттаҳида гуфт, ҳамназарӣ дар масъалаи Сурия дар ҷаҳон таҳким меёбад. Аммо Русия таълиқи узвияти Сурияро дар Лигаи араб амали нодуруст номид ва худи Сурия онро “як қадами шадидан хатарнок” унвон кард.
XS
SM
MD
LG