Бино бар хабари радиои «Эхо Москви» интизор меравад, ки имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон ба Душанбе хоҳад баргашт. Вазорати умури хориҷии Русия пас аз эълони ҳукми халабони рус дар додгоҳи вилояти Хатлон Юрий Поповро барои машварати кӯтоҳмуддат ба Маскав фаро хонда буд. Бино ба оинҳои дипломатӣ ин як нишони эътироз ва қадами аввал дар қатъи равобит аст. Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷирати Русия ба боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик шурӯъ кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, парвандаи халабонҳо, ки ба убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз айбдор ва ба ҳаштуним соли ҳабс маҳкум шудаанд, ангезаи сиёсӣ надорад. Имрӯз баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва миллатгарои рус нақша доранд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия тазоҳурот ва озодии халабони русро талаб кунанд. Пас аз пешниҳоди шикояти вакилони дифои халабонҳо қарор аст, ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад.