Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Либия


Рӯзи чаҳорум аст, ки дар канораи пойтахти Либия даргирии гурӯҳҳои мусаллаҳи мутахосим идома дорад. Ин бузургтарин хушунат аз замони боздошт ва қатли Муаммар Қаззофӣ дар моҳи гузашта аст. Даргирӣ, ки дар ҷараёни он то ҳоло шаш нафар кушта шудаанд, нигарониҳои навро аз лаёқати ҳукумати муваққати Либия ба халъи силоҳи ҳазорон нафари мусаллаҳ ва ҷорӣ кардани тартибу интизом пас аз ҳашт моҳи ҷанги шаҳрвандӣ ба миён овардааст. Раҳбари муваққати Либия, Мустафо Абдулҷалил гуфт, ҳукумати ӯ мӯйсафедони тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва мушкил ҳал шудааст. Бо вуҷуди афзоиши ташаннуҷ Абдулҷалил ва Шӯрои миллии гузор гуфтаанд, наметавонанд мусаллаҳонро ба зудӣ халъи силоҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG