Дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайии Амрико, имрӯз нишасти сарони кишварҳои узви АТЭС - Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором ифтитоҳ мешавад.
Дар ин нишаст, аз ҷумла, баррасии чораҳои ҳифзи кишварҳои узви созмон аз бӯҳрони қарзӣ дар Аврупо дар назар аст. Ба иттиллои Кохи Сафед, раисиҷумҳур Барак Обама - мизбони нишаст, дар суханронии худ кишварҳои узвро мутмаин хоҳад сохт, ки ИМА чун солҳои пеш барои таъмини амният ва эътидол дар ин минтақа талош хоҳад кард.
АТЭС соли 1989 ба хотири мусоидат ба тиҷорати озод ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором таъсис шудааст.