Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия дар бораи ҳукми халабонҳои Русияву Эстония


Моҷароҳо пиромуни ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бар зидди халабонони Русияву Эстония идома дорад. Матбуоти Русия навиштааст, Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки дар парвандаи ин ду нафар бознигарӣ сурат бигирад. Тибқи ин хабарҳо, ширкати “Ролкан”, ки ҳавопаймоҳои Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба он тааллуқ доранд, се сол пеш ба ширкати "Аэрспэйс консорциум" иҷора дода шудааст. Ин ширкат дар Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном доштааст. Молики ширкати "Аэрспэйс консорциум" ҳиндуе бо номи Ҷигиб будааст, ки вайро чун найрагбогзи байналмиллалӣ мешиносанд. Ширкати Ҷигиб бо мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона вориди гуфтугӯ шудааст, то ҳавопаймоҳои русиро бигиранд. Матбуоти Русия менависад, дар ин амалиёт ҳам Ҷигиб, ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо даст доштаанд. Гӯё Ҷигиб бо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон муносибати хуб доштааст.
XS
SM
MD
LG