Гурӯҳи вижаи корӣ замони пазируфта шудани Русия ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷоратро ҳамоҳанг кард. Ба иттилои раҳбарони ин созмон, қарор аст, ки аризаи Русия барои узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар нишасти вузаро рӯзҳои 15-17 декабри соли равон баррасӣ ва пазируфта шавад.
Паскал Ламӣ, Дабири куллии СҶТ гуфт, ки “Маскав баъди талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки дар роҳ сӯи ҳадафи худ гоми муҳим гузорад".
Русия, ки аз соли 1993 талоши вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад, бояд аз ризояти ҳама кишварҳои узви ин созмон бархурдор бошад. Гурҷистон ягона кишваре буд, ки то ҳол ин гуна ризоят надода буд.
Охири моҳи гузашта Маскаву Тифлис бо миёнҷигарии Швейсария дар мавриди мавзӯъи барои Гурҷистон басо муҳим – назорати байнулмиллалии ҳамлу нақли молу мавод тавассути қаламрави Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ба созиш расидаанд ва ба ин васила роҳи Русия ба СҶТ ҳамвор шуд.