Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ ба қазияи халабони эстонӣ расидагӣ мекунад?


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои эстонияш Урмас Паэт қазияи Алексей Руденко, яке аз ду халабони маҳкумшуда ба зиндонро баррасӣ кардааст.

Урмас Паэт дар ин гуфтугӯи худ бо оқои Зарифӣ аз ҳукми зиндони Алексей Руденко, ки шаҳрванди Эстония буда, вале солҳои ахир дар ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” фаъолият дошт, изҳори нигаронӣ кардааст.

Вай аз ҳамтои тоҷик худ хостааст, то барои барраси шикояти кассатсионӣ аз болои ин ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмак бикунад. Оқои Паэт ҳамчунин пешниҳод кардааст, то дар минбаъда миёни Тоҷикистону Эстония созишномаи ҳамкорӣ барои истирдоди маҳкумшудаҳо ба имзо бирасад.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳамроҳхон Зарифӣ ба ҳамтои эстонии худ барои ҳамкории дуҷониба изҳори сипос кардааст. Вале ӯ дар мавриди қазияи Алексей Руденко гуфтааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаи ӯ ва ҳамроҳаш Владимир Садовничий ҳамаи меъёрҳоро риоя намудаанд.

Ӯ илова кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ва мавозини байнулмиаллӣ омодааст, дар ҳалли ин мушкил мусоидат бикунад.

Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ва Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, ки ду ҳавопаймои марбут ба ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро идора мекарданд, моҳи марти соли ҷорӣ боздошт ва рӯзи ҳафтуми ноябр ба 8,5 соли зиндон амҳкум шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ду халабон бидуни иҷозаи онҳо вориди қаламрави кишвар шуда, меъёрҳои байнулмилалии парвозро нақз кардаанд. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ин ду халабонро барои қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз муҷрим шинохт, ҳамчунин ду ҳавопаймои Ан-72-ро бар фоидаи давлат мусодира кард.

Вале Руденко ва Садовничий дар додгоҳ гуфтанд, ки аз рӯи ночорӣ ва он ҳам ба далели кам боқӣ боқӣ мондани маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омадаанд.

Ахиран додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар дохили ҳавопаймоҳо ба ҷуз аз Руденко ва Садовничий шаш нафари дигар низ будаанд. Бино ба қавли мақомоти Тоҷикистон, қабл аз ин мақомҳои афғонро онҳоро аз ғайриқонунӣ будани парвози ҳавопаймоҳои “Ролкан Инвестмент ЛТД” огоҳ карда ва боздошти онҳо талаб карда будаанд.
XS
SM
MD
LG