Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин вокунишҳо ба даъвои мақомоти Русия


Дар нахустин вокуниши худ, мақомоти Тоҷикистон изҳороти вазорати хориҷии Русияро «бемулоҳизагӣ» хондаанд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар як гуфтугӯ ба радиои Озодӣ гуфт, вокунишҳои мақомоти Русияро наметавон талоше барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ номид. Вай афзуд, ки мақомоти Русияи бояд дарк кунанд, ки халабонони маҳкумшуда ҷиноят содир карданд ва бояд муҷозот шаванд.

Ҷаноби Шарифов дар идома афзуд, ки баёнияҳои бархе аз мақомоти Русия ангезаи сиёсӣ дорад ва аз "пашша фил сохтан аст."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим



Вазорати умури хориҷии Русия ҳукми ҳабси халабонҳои ширкати "Ролкан инвестмент ЛТД" - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро “басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” хонда буд.

Дар торнамои расмии ин вазорат навишта шудааст, ки айби ин ду халабон бо далелҳои шайъӣ исбот нашуд ва ин ҳукми "ноодилона"-и додгоҳ ба равобити Тоҷикистону Русия латма ворид хоҳад кард.

"Ҳукм дар пояи ҳадсзаниҳои бидуни далел таҳия шудааст ва ба ин васила ҷониби Тоҷикистон меъёрҳои феълии байнулмилалиро поймол намудааст",-омадааст дар торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Русия.

ҲАЁҲУ ДАР РУСИЯ ВА ТАҲДИДҲО БА ТОҶИКИСТОН

Маҳкум ба зиндон шудани халабонҳои як ширкати русӣ дар Тоҷикистон ҳаёҳуеро дар маҳофили сиёсии Русия барангехтааст.

Баъзе аз сиёсатмадорони рус аз ҳукумати кишварашон хостаанд, Тоҷикистонро барои ин рафтораш “ҷазо” диҳад.

Аз ҷумла Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои федератсия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, Русия бояд барои маҳкум ба зиндон кардани шаҳрвандаш Владимир Садовничий ба Тоҷикистон посухи қотеъонае диҳад. Ӯ гуфтааст, “бояд аз фардо, вуруди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия маҳдуд карда шавад, ки теъдоди онҳо дар Русия тақрибан 2 миллион нафарро ташкил медиҳад ва нақши онҳо дар иқтисоди Тоҷикистон бисёр бузург аст."

Валерий Шянкин гуфтааст, Русия ба қадри кофӣ аҳромҳои иқтисодиву сиёсии фишор ба Тоҷикистонро дорад, аз ин рӯ бояд бо талаби озодии шаҳрвандаш “тамоми иқдомоти сахтгиронаро алайҳи Тоҷикистон биандешад”.

Валерий Шянкин гуфтааст, масъалаи қабули Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва ихтисоси кӯмакҳои молии Маскав ба Душанбе низ бояд бознигарӣ шавад.

"РУСИЯ КИШВАРЕ НЕСТ, КИ КАФШИ ХУДРО БО ОН ПОК КУНЕД"

Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шӯрои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Тоҷикистон “посухи сазоворе” диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ “Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед.”

Михаил Капура гуфтааст, муҳокимаи Владимир Садовничий ва ҳамкори ӯ Алексей Руденко “ангезаҳои сиёсӣ дошта ва мавзеъгирии мақомоти баландпояи Тоҷикистонро низ ифода мекунад.”

Вакили рус ҳушдор додааст, ки ин қазия ба муносиботи Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад.

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократи Русия
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократи Русия
Ҳукми додгоҳи Тоҷикистон ҳамчунин Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократи Русияро ба хашм овардааст, ки дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, “амалкарди мақомоти Тоҷикистон худсарӣ, зӯроварӣ ва масхараи додгоҳу демократия ва муносибати бепарвоёна ба шаҳрвандони Русия аст.”

Владимир Жириновский гуфтааст, аз ҳукумат хоҳад хост, то бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кунад. Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия, ки бо баёнияҳои масхараомез маъруф аст, бо лаҳни таҳқиромезе гуфтааст, ҳадаф аз муҳокимаи халабонҳои рус, “мусодираи ҳавопаймоҳои АН-72 аст, ки барои қочоқи маводи мухаддир бисёр ба қочоқбарони Тоҷикистон лозим шудааст.”

Ӯ афзудааст, “Халабонҳои рус бояд дар зиндони тоҷикӣ бошанд ва қочоқбарони тоҷик бо ҳавопаймоҳои русӣ сарват ҷамъ кунанд.”

ҲУКМИ "БЕАСОС ВА ТАВҲИНОМЕЗ"?

Геннадий Семигин, сиёсатмадори дигари рус ва раиси Ҳизби “Меҳанпарастони Русия”, ҳукми ҳаштуним соли зиндон ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро, “беасос ва тавҳиномез” номида ва гуфтааст, “Эъломи ҳукм ба халабони русро, ки дар Тоҷикистон ба қочоқ гунаҳкор дониста шуд, ба чолиш кашидани Русия арзёбӣ мекунем.”

Геннадий Семигин ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, амалкарди мақомоти Тоҷикистон на танҳо равобити ду кишвар, балки муносибати шаҳрвандони Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистонро мушкил хоҳад кард, ки маҷбуран дар ватани мо кор кунанд.

Константин Косачёв, раиси кумитаи равобити байналмилалии Думаи Давлатии Русия ҳам аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи халабонҳои рус ибрози ҳайрат карда ва гуфтааст, кишвараш бояд тамоми корро кунад, ки ин ҳукми "бераҳмона" дар чаҳорчӯби қонунҳои Тоҷикистон бознигарӣ шавад.

Қабл аз баёнияҳои пайдарҳами ин вакилони баландпоя, вазорати умури хориҷии Русия гуфт, “ҳукми зиндони Владимир Садовничий ба ҳамкориҳои наздики ду тараф “латмаи ҷиддӣ” хоҳад зад.

ДАР ПУШТИ МИЛЛАҲОИ ЗИНДОН...

Додгоҳи вилояти Хатлон ду халабони ширкати русии "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро рӯзи сешанбе бар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз гунаҳкор донист ва ҳар якеро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин амр дод, ки ҳавопаймоҳо АН-72 мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" аст, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шавад. Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ, мегӯянд, халабонҳо 12-уми марти соли ҷорӣ бидуни иҷозаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, яке паси ҳам, бо фосилаи 20 дақиқа, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омадаанд. Халабонҳо худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, илоҷе ба ғайр аз фуруд дар Тоҷикистон надоштанд.

Додгоҳи ин ду нафар, ки танҳо як моҳи пеш хабари он нашр шуд, ба таври густурда дар матбуоти Русия бозтоб ёфтааст ва аз ҷумла рӯзномаи “Московский Комсомолетс” менависад, дар паси ҳукми "бераҳмона"-и зиндон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон меистад. "Комсомолская Правда" менависад, “халабонҳои русро барои он ба зиндон андохтанд, ки ҳавопаймоҳояшонро аз худ кунанд.”

РУСИЯ ТАҲДИД ҲАМ МЕКУНАД...


Рӯзномаи “Коммерсант” аз қавли як мақом дар вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, азми Русия барои раҳо кардани шаҳрвандаш қавист ва ҳоло роҳҳои қонунии озодии ӯ вуҷуд дорад. Мо то кунун тамоми “аслиҳаи худро” ба кор набурдем гуфтааст ин дипломати рус ва афзудааст, акнун ин корро хоҳем кард, аммо ҳоло “ба дивизияи 201 амр нахоҳем дод.”

Дивизияе, ки Тоҷикистон онро ду даҳсола боз мизбонӣ мекунад ва Русия онро аз ҷумла, кафили амнияти Тоҷикистон медонад ва мехоҳад 49 соли дигар дар ин кишвар нигаҳ дорад.”
XS
SM
MD
LG