Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мехоҳад Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба ниҳоди муҳими амниятиву иқтисодӣ табдил диҳад


Нахуствазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ташкили ҷаласа карданд. Дар оғози нишаст нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки гурӯҳи мазкур бояд ба созмони муҳими ҷаҳонӣ дар умури амнияти байналмилалӣ ва иқтисодӣ шавад.
Имрӯз инчунин қарор аст музокироти дуҷонибаи сарвазирони Русияву Чин – Владимир Путин ва Вен Ҷиабао баргузор шавад. Ин созмон, ки аз таъсисаш даҳ сол мегузарад, Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро зери чатри ҳамкориҳои амниятиву иқтисодӣ ба ҳам овардааст. Давлатҳои дигар – Муғулистон, Ҳинд, Эрон ва Покистон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG