Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории генерали амрикоӣ барои интиқод аз Карзай


Генерал Ҷон аллен
Генерал Ҷон аллен
Низомиёни Амрико мегӯянд, фармондеҳи боломақоми Амрико дар Афғонистон баъд аз тафсири интиқодӣ аз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз мақомаш барканор шудааст. Дар эъломия омадааст, генерад Ҷон Аллен-фармондеҳи АЙСАФ ё нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ва муовини вай генерал Петер Фуллер аз мақомҳои худ маҳрум шудаанд. Дар як мусоҳибаи ахири худ бо сомонаи интернетии Politico генерал Петер Фуллер раҳбари Афғонистонро шахси ноустувор ва носипос арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки “вай аз воқеият дур аст”. Дар мусоҳибаи худ Фуллер гуфтааст, раҳбарони Афғонистон қурбониҳои Амрикоро барои таъмини субот дар Афғонистон комилан дарк намекунанд. Вай ҳамчунин аз суханони ахири Карзай интиқод кардааст, ки гуфта буд, агар ҷанги Покистон бо Амрико шурӯъ шавад, дар ин ҷанг аз Покистон дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG