Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзанӣ: Барои курдҳо муносибат бо Туркия муҳим аст


Масъуд Барзанӣ ва Аҳмад Довудоғлу
Масъуд Барзанӣ ва Аҳмад Довудоғлу
Сафари раҳбари курдҳои Ироқ Масъуд Барзанӣ ба Туркия идома дорад. Рӯзи панҷшанбе ӯ мавзӯъи амалиёти низомии Туркия алайҳи ошӯбгарони курд дар шимоли Ироқ бо вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу матраҳ кард.

Баъд аз ин мулоқот Барзанӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар мавзӯъи амниятӣ мо аз ҳамдигар вобастаем. Мо барои беҳтар кардани вазъи амниятӣ дар минтақаамон ва пайдо кардани роҳҳали доимии ин мушкилот талош хоҳем кард. Муносибат бо Туркия барои мо басо муҳим аст".

Сафари Масъуд Барзанӣ ба Туркия ду ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки дар як амалиёти ошӯбгарони курд дар ҷанубу шарқи Туркия 24 сарбози турк ба ҳалокат расиданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз моҳи июл ба ин сӯ дар набардҳо бо ҷангиёни курд беш аз 50 сарбоз ва кормандони амниятии Туркия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG