Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо қурбонӣ мекунед?


Миллионҳо сокини мусалмони Тоҷикистон барои таҷлили яке аз ду иди барояшон муқаддас -- Иди Қурбон омодагӣ мегиранд.

Ҳамакнун то ҷашни Иди Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон муҳлати каме боқӣ мондааст. Қаблан агар мақомоти давлатӣ гуфта буданд, ки ин ид ба рӯзи ҳафтуми ноябр мусодиф меояд, аммо ахиран Шӯрои уламо эълон кард, ки Иди Қурбон рӯзи шашуми ноябр таҷлил хоҳад шуд.

Ҳоло аксари мардум сар ба бозору фурӯшгоҳҳо мезананд, то дар таҳияи дастурхони идона таъхир накунанд. Таври маълум, дар рӯзи Иди Қурбон ва то се рӯзи баъди он аксар сокинони Тоҷикистон дар манзили худ дастурхони идона меороянд, то аз меҳмонону ҳамсоя ва наздикони худ ба хубӣ пазироӣ кунанд.

Ҳамчунин гуруҳе аз мардум пеш аз пеш барои анҷоми яке аз воҷиботи дини мубини Ислом, яъне қурбонӣ, гов, буз ва ё гӯсфанд харидаанд.

Албатта, ин гуруҳи мардум дар Тоҷикистон зиёд нестанд, зеро имкони қурбонӣ кардан на ба ҳама сокинони ин кишвар, ки дар гузоришҳои созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун кишвари фақир ном бурда мешавад, даст медиҳад. Маъмулан дар рӯзи Иди Қурбон, пас аз адои намоз чаҳорпой забҳ карда, гӯшти онро ба ниёзмандон тақсим мекунанд ва ё ба меҳмонон ғизои идона пешниҳод мекунанд.

Аммо дар ҳоле, ки кулли ғизоҳо ва молу мавод, бо шумули нархи чаҳорпой ба шиддат боло рафтаааст, теъдоде аз мардум мегӯянд, ки ин воҷиботро иҷро карда наметавонанд.

Дар навори зер: Посухи сокинон ба пурсиши “Шумо қурбонӣ мекунед?”

Шумо қурбонӣ мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG