Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун интизори ҳамоиши Қибрис аст


Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони милали Муттаҳид, изҳор намуд, ки интизори ҳаллу фасли мавзӯъи ҳамоиши Қибрис то январи соли оянда аст.

Ин изҳорот баъд аз хатми конфаронси дурӯза бо ширкати раҳбарони ҷомеъаҳои юнонӣ ва туркии Қирбис – Димитрис Христофиас ва Дарвеш Эроғлу дар шаҳри Ню-Йорк пахш шуд.

Бан Ки Мун ин гуфтушунидро “мусбӣ ва пурмаҳсул” унвон кард ва афзуд, "ҳарду ҷониб маро мутмаин карданд, ки онҳо ҳалли барои ҳама муносибро пайдо хоҳанд кард".

Қаламрави Қибрис беш аз се даҳсола боз ба юнонӣ ва туркӣ тақсим шудааст. Соли 1974 нерӯҳои низомии Туркия дар посух ба талоши Афина барои бо Юнон ҳамроҳ кардани Қибрис қисмати шимолии ҷазираро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG