Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз амалиёти НАТО дар Либия хатм мешавад


Андерс фог Расмуссен
Андерс фог Расмуссен
Паймони НАТО имрӯз амалиёти низомӣ дар Либияро хатм мекунад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои НАТО тасмим гирифта шуда буд.

Як рӯз аз ин пеш Шӯрои амнияти СММ эълон намуд, ки мандати НАТО барои доир кардани амалиёти низомӣ соати 23-ву 59 дақиқаи рӯзи 31 октябр тамом мешавад.

Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен зимни суханронӣ дар Брюсел амалиёт дар Либияро муваффақтарин дар таърихи Паймон унвон кард.

Тайи ҳафт моҳ ҳавопаймоҳои НАТО 26 ҳазор парвоз анҷом дода, тақрибан 10 ҳазор бор муассисаҳои ҳукуматии Либияро бомборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG